spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Толибон Моймайи Дарвози Афғонистон -зодгоҳи Пидромро ғасб карданд

Ноҳия ё вулусволии Моймай ё Дарвози Пойини Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ба дасти гуруҳи "Толибон" суқут кардааст. Дар ин бораи Радиои Озодӣ бо такя ба ҳукумати маҳалии ин ноҳия хабар медиҳад. 

Моймай яке аз панҷ вулусволи водии Дарвози Афғонистон, ки бо номи Дарвозҳо ҳам шинохта мешаванд, аст, ки бо ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Латиф Пидром сиёсатмадор ва шоири маъруфи Авғонистон, раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон зодаи ҳамин ноҳия аст. 

Комбиз Қурбонӣ, раиси ноҳияи Моймайи Бадахшони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, "ки соатҳои панҷи субҳи рӯзи панҷшанбеи 19-уми ноябр гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ин ноҳия юриш бурда, пас аз чанд соат даргирӣ онро тасарруф карданд".

Раҳбари ин ноҳия далели суқути вулусволиро кам будани неруҳои амниятиву пулис ва камтаваҷҷуҳи ҳукумати марказӣ гуфтааст.

Як соли ахир ҳузури гуруҳи "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон, хусусан вулусволиҳои Дарвозҳо хеле фаъол шудааст ва даргириҳои пурқурбоние дар ин минтақа сурат мегирад. 

Моймай 22 ҳазор ҷамъият ва 81 деҳа дорад, ки аҳолии он саросар тоҷиконанд. Мардуми ин вулусволи аксаран суннӣ ва қисме ҳам пайравони тариқати исмоилияи аҳли ташайю мебошанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...