Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, сокини 27-солаи шаҳри Панҷакент Ҷобир Самандаров рӯзи 9 феврал дар роҳи Панҷакент-Айнӣ дағалона қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дучархаи скутери сокини 64-солаи маҳаллӣ Муҳаббатқул Ҷумъаевро пахш мекунад.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷа аз ҷраоҳатҳои бардошта соҳиби скутер дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи “Опел Астра” зани 37-солаи сокини ноҳияи Спитамен Гулмира Эрганшева дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба автомашинаи боркаши “ЗИЛ бармехӯрад, ки дар канори роҳ таваққуф карда буд.
Бар асари ин садамаи нақлиёт Эргашева ҳалок ва 2 нафар мусофирони он дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Дар ҳодисаи дигар автомашинаи “Опел Астра” зери идораи сокини 19-солаи ноҳияи Кӯшониён Толибшоҳ Хоҷаев дар роҳи маҳаллӣ велосипедрон Ҳасан Бобоеви 52-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.
Дар хабари ВКД зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Мувофиқи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, сатҳи маргу мир дар Тоҷикистон дар ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ҳамасола 19 нафар ба ҳар як 100 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи баландтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.