spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нусратулло Давлатзода гуфт, ки чаро натавонистанд нақшаи андозро иҷро кунанд: 600 млн кам

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи надози назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш далели дар соли 2020 иҷро карда натавонистани нақшаи андозро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта онҳо натавонистанд 600 миллион сомонии дигарро ба буҷа ворид кунанд.

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, дар соли 2020 ин ниҳод натавонист 2,3% андозҳо ва дигарро пардохтҳоро ҷамъоварӣ кунад. Ба назари раиси Кумита, ин асосан аз ҳисоби  кам шудани даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ будааст. 

"Қарз аз андоз дар соли 2020 330 миллион зиёд шуда ва 884 млн сомони ($75 млн) расидаасӣ, – гуфт Давлатзода. – Шумораи умумии қарздорон 35 ҳазор аст".

Давлатзода қарздорони бузурги андозро гуфт, ки дар миёни онҳо «Таҷиктелеком» (86 млн сомонӣ), НБО "Роғун"  (67 млн сомонӣ), Ширкати алюминийи тоҷик – Талко (38 млн сомонӣ), Сангтӯда – 1 (36 млн сомонӣ), Фурудгоҳи Душанбе (31 млн сомонӣ), «Талко Ресурс» (17 млн сомонӣ) ва «Алюминсохтмон» (16 млн сомонӣ).

Раиси Кумитаи андоз гуфт, ки маблағи умумии қарзҳои ширкатҳои зикршуда 291 млн сомониро ташкил мекунад, ки ба 33%  маҷмуъи умумии қарзҳо аз андоз баробар аст.

Ӯ зиёд шудани қарзи ширкатҳои бузургтарин кишварро ба вазъияти ҷории кишвар, ки бар асари ҳамагирии коронавирус ба амал омадааст, марбут донист. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...