Соли 2020 дар вилояти Хатлон нисбат ба мансабдорон ва хизматчиёни давлатие, ки ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо кардаанд, 112 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
Нисбатан пурсарусадо аз онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва муовини раиси ноҳияи Ёвон Аксар Набизода маҳсуб меёбанд.
Бино ба маълумоти прокуратураи вилояти Хатлон, соли гузашта 272 қарори раисони шаҳру навоҳии вилоят бекор карда шудааст, ки 46%-и онҳо аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ ба имзо расида, 85%-ашон ба масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин вобастаанд.
Аз ҷумла раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷабборӣ Ғаффор зимни нишасти хабарӣ эътироф намуд, ки дар вилоят аз ҳама зиёдтар қарорҳои раиси ин ноҳия бекор шудааст.
“Бале, медонам, ки дар вилоят мо якумем. Соли 2020 бар асоси эътирозҳои прокуратура 69 қарори раиси ноҳия бекор шуд. Аз ин шумор 15% аризаҳо оид ба бекор кардани қарорҳо аз ҷониби ман ба имзо расид. Дар умум инҳо қарорҳои давраи солҳои 2015-2020 мебошанд”, – гуфт Ҷабборӣ Ғаффор.
Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсуфов зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки давоми як соли кораш дар вазифаи раиси ноҳия ягон қарор дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин имзо накардааст.
“Ба қарорҳои худ масъул будан лозим аст, аз ин рӯ, ман имзо накардам ва ба ягон қарори марбут ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил имзо намекунам. Мо барои сохтмон қитъаи замин надорем. То аз ҷониби ҳукумат ҷудо нагардидани замин барои фонди манзил, ман ҳуқуқ надорам, ки мустақилона қитъаи замин ҷудо кунам”, – изҳор дошт раиси ноҳия.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.