Роҳбари СҶТ: “Хотимаи пандемияи COVID-19 наздик аст”

Хотимаи пандемияи COVID-19 наздик аст ва ҷаҳон то ҳол дар чунин шароите қарор надошт, ки бар он пирӯз шавад, изҳор доштааст зимни нишасти матбуотӣ дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адханом Гебрейесус. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. “Ҳафтаи гузашта шумори маълумоти маргҳо аз COVID-19 дар як ҳафта аз ҳама пасттар аз моҳи […]

Хотимаи пандемияи COVID-19 наздик аст ва ҷаҳон то ҳол дар чунин шароите қарор надошт, ки бар он пирӯз шавад, изҳор доштааст зимни нишасти матбуотӣ дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адханом Гебрейесус. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

“Ҳафтаи гузашта шумори маълумоти маргҳо аз COVID-19 дар як ҳафта аз ҳама пасттар аз моҳи марти соли 2020 ба қайд гирифта шуд. Мо ҳеҷ гоҳ дар чунин ҳолати мусоиде набудем, ки ба пандемия хотима бахшем. Мо ҳоло ба ҳадаф нарасидаем, лекин хотимаи он наздик аст”, – овардааст хабаргузорӣ гуфтаҳои ӯро.

Роҳбари Созмон аз ҳамаи кишварҳо даъват кардааст, ки ба корҳои 100% ваксинзании гурӯҳҳои бештар ба хавф осебпазир, аз ҷумла кормандони тиббӣ ва шахсони калонсол тақвият бахшанд.

Ба гуфтаи роҳбари СҶТ, дар маҷмӯъ ба 70% фарогирии эмкунии аҳолӣ ноил гардидан зарур аст.

Қаблан доктори улуми тиббӣ Геннадий Онишенко изҳор дошта буд, ки сирояти коронавирус ҳеҷ ҷое гум нашуда, хатари он барои аҳолии тамоми сайёра боқӣ мемонад ва дар ҳамин ҳол, вирус тағйирёбишаро идома дода метавонад.

Онишенко гуфтааст, макони асосии мубориза бо сироят имрӯз дар кишварҳое чун  Чин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия ҷойгир аст, ки зичии аҳолӣ ва иқлимашон мувофиқ мебошад. Аммо, маълум нест, ки COVID-19 дар оянда чӣ гуна рафтор хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.