Қазоқистон маҳдудият ба содироти зироати ғалладона ва ордро бекор кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

Вазорати кишоварзии Қазоқистон чанде пеш, 14 сентябр маҳдудият ба содироти зироати ғалладона ва ордро бекор кард. Вазири кишоварзии ин кишвар Ербол Карашукеев дар ин бора фармони дахлдор имзо кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат. “Ба ин тариқ, акнун истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Қазоқистон бидуни маҳдудият гандум ва ордро ба хориҷи кишвар фурӯхта метавонанд”, – омадааст дар хабар. […]

Вазорати кишоварзии Қазоқистон чанде пеш, 14 сентябр маҳдудият ба содироти зироати ғалладона ва ордро бекор кард. Вазири кишоварзии ин кишвар Ербол Карашукеев дар ин бора фармони дахлдор имзо кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

“Ба ин тариқ, акнун истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Қазоқистон бидуни маҳдудият гандум ва ордро ба хориҷи кишвар фурӯхта метавонанд”, – омадааст дар хабар.

Хотиррасон мешавад, ки қаблан барои таъмини амнияти озуқавории Қазоқистон тасмим гирифта шуда буд, ки ба содироти гандум ва орд квота ҷорӣ карда шавад.

Аммо пас аз ба эътидол омадани вазъи нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва пешгӯиҳои мусбати ҳосили зироати ғалладона дар Қазоқистон, қарор шуд, ки квота бекор мешавад.

Айни замон дар ҳамаи вилоятҳои кишвар ҷамъоварии ҳосил идома дошта, мувофиқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, дар 11,3 млн гектар ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки 69,8% аз нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 98% аз орду гандуми воридотиро Тоҷикистон аз Қазоқистон мегирад.

Лекин маҳдудияти қаблан ҷоришуда ба интиқол ба кишвари мо ба ҳеҷ гунае таъсир нарасонид, зеро ҳаҷмҳои начандон зиёд харида мешуданд.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, давоми моҳҳои январ-июли соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 28 ҳазор тонна орд ва 463 ҳазор тонна гандум ворид шудааст.

Давоми ин моҳҳо воридоти орд ба кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 10% зиёд шуда, воридоти гандум 10,8% кам шудааст.

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли 2021 нархи орди воридотӣ 50% ва гандум – 22% афзудааст.

Ҳиссаи орд дар ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон дар ин давра 0,4% ва гандум – 5,6%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба орд 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.