spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ширкати суғуртаи Чин дар бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин”-ро ба муҳлати 5 сол дароз кард.

Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, қарори Раёсати Бонки миллӣ дар бораи тамдиди муҳлати иҷозатнома ба суғуртаи ихтиёрии ин ширкат 19 феврали соли равон қаббул шудааст.

ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” аз соли 2015 дар бозори суғуртаи Тоҷикистон фаъолият мекунад. Муассиси он “Корпоратсияи Чин” мебошад, қайд мешавад дар сомонаи расмии ширкат, лекин маълум нест, ки маҳз дар бораи кадом корпоратсияи Чин сухан меравад.

Бонки миллӣ дар сомонаи худ ҶДММ “Чунзин Хайзин”-ро молиики бастаи пурраи саҳмияҳои ин ташкилот номбар мекунад. Ҳаҷми сармояи оинномавии “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Коҳиши дороӣ ва уҳдадориҳои ширкатҳои суғуртаи Тоҷикистон

Дар бозори суғуртаи Тоҷикистон феълан ҳамагӣ 18 ширкати суғурта фаъолият доранд, ки 2-тоаш давлатӣ  ва 16-тоаш ғайридавлатӣ мебошанд.

Бо қарори ҳукумат ширкатҳои суғурта (ва бозсуғурта)-и Тоҷикистон уҳдадор шуданд, ки то 1 апрели соли равон ҳаҷми сармояи оинномавии худро зиёд кунанд.

Мувофиқи меъёрҳои нав сармояи оинномавии ширкатҳои суғурта вобаста ба шакли моликият ва навъи суғурта бояд аз 2 млн то 50 млн сомонӣ (ҳозир – аз 500 ҳазор то 40 млн сомонӣ)-ро ташкил диҳад.

Роҳандозии чунин тадбирҳоро дар Бонки миллӣ ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ доданд, ки “ҳиссаи суғурта дар иқтисод ҳамагӣ 0,74% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаҳои паст дар ҷаҳон аст ва он мустақиман ба талаботи нокофӣ ба сармояи оинномавӣ вобаста аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...