Ин хонаест, ки Умед Садриддинзода дар яке аз дедаҳои шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Дар ҳавлии падарӣ, ки ба ҷуз ӯ ду бародараш бо зану фарзандонашон ва падару модараш зиндагӣ мекунанд, барои ӯ як ҳуҷраи 15 квадратӣ ҷудо кардаанд, ки бо зану 4 фарзандаш дар он зиндагӣ мекунад.
“Мактаби миёнаро хондам, аммо ҷойе кор намекунам. Даромади рӯзгор аз ҳисоби нафақа ва кӯмаки дӯстону шиносон аст”, – мегӯяд ӯ.
36 сол қабл Умед аз оби ҷӯшомада месӯзад ва баъди чанди беморӣ пойҳояш фалаҷ мешаванд. Бо ҳамин аҳвол таҳсилро дар мактаби деҳи поён хатм мекунад.
Мегӯяд барояш хело сахт буд он рӯзҳо. Ӯ бемори гуруҳи якум аст ва ҳоло аз давлат ҳамагӣ 280 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ ба ҳукумати шаҳри ваҳдат ва раисиҷумҳуру дастгоҳаш чор маротиба ариза навиштааст, вале бенатиҷа. Вай хостааст то барояш якхонагӣ ё лоақал қитъаи замини наздиҳавлагӣ ҷудо кунанд.
“Мо, ки дар деҳа зиндагӣ мекунем ба ман умуман мушкил аст. Аз оне, ки инҷо тепа (баландӣ) аст ҷойи мактаб духтурхона ҳамааш мушкил мешавад”,- изҳор мекунад Умед.
Садриддинзодро то имрӯз дӯстону пайвандонаш дастгирӣ карданд ва умед бар он дорад, ки ҳатман пайдо мешаванд нафароне, ки ба ӯ ва оилааш дасти ёрӣ дароз хоҳанд кард.
Ба Умед ва хонаводааш мешавад, ки ба василаи корти Алиф 5058 2702 8065 1653 ёрӣ кард. Шумораи телефони ӯ: 906120101.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.