Имрӯз дар Тоҷикистон давраи воксин ё эмгузаронии гуруҳҳои осебпазир алайҳи бемории ҳамагирии коронавирус ҷараён дорад. Аз ҳар сӯ баҳсҳои гуногуне дар мавриди воксин гирфтан дида мешавад. Тоҷикистон то кунун дар доираи барномаи COVAX танҳо як навъи воксинро ворид кардааст. Воксини муштараки шведиву бритониёӣ, ки дар Ҳиндустон истеҳсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ният доранд, ки ваксинаи “Спутник”-и Русия ва «CoronaVac»-и Чинро сабти ном кунанд.
Коршиноси барҷастаи эронитабори амрикоӣ, Ораш Алоӣ дар як барномаи "Дурбин"-и Радиои "Азия-Плюс" дар бораи аҳамияти гирифтани воксин ва дигар ҷузъиёти нозуки бемории коронавирус суҳбат мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.