Душанбе.2-уми октябр – Имрӯз дар Душанбе маросими истиқболи ботантанаи иштирокчиёни пойгаи ҷаҳонии дӯстӣ – 2008 баргузор гардид.
Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи қабули иштирокчиёни пойга дар сатҳи баланд ва таъмини амнияти онҳо зимни ҳаракаташон дар ҳудуди пойтахт қарори махсус қабул кард. Пойгаи дӯстӣ 6 сентябр аз шаҳри Остона шурӯъ гардида буд. Иштирокчиёни пойга аз шаҳрҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузашта, ба пойтахти Тоҷикистон ворид мегарданд.
Ҳадафи пойга ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, тақвияти равобити фарҳангӣ ва иҷтимоии намояндагони миллатҳои гуногун ва муносибатҳои дӯстонаи онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки барои иштирок дар пойга варзишгари касбӣ будан шарт нест. Ҳамаи хоҳишмандон барои иштирок дар он машъали фурӯзонро ҳамагӣ чанд метр бурда, ё онро чанд лаҳза ба даст гирифта, бо ҳамин дар таҳкими муносибатҳои дӯстона бо халқҳои дигар саҳм гузошта метавонанд.
Машъали фурӯзони пойгаи дӯстиро солҳои гуногун шоҳдухтар Диана, бибӣ- Тереза, ҳунарпешаи машҳур Арнолд Шварсеннегер, варзишгар Муҳаммад Алӣ ва бисёр шахсони дигари машҳур ба даст гирифта, ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳкими ғояҳои сулҳ даъват намудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар медиҳад.