Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони ҷумҳурӣ дар бораи аз вазифаи ишғолкарда озод намудани Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ва муовини Ваколатдор (Омбудсмен)-и ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозодаро пешниҳод намуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ.
Ҳамзамон сарвари давлат ба намояндагони мардумӣ пешниҳод кард, ки ба вазифаи Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ Миҷгона Бобоҷонзода тасдиқ карда шавад, ки ба ҳайси муовини Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон низ ифои вазифа хоҳад кард.
Миҷгона Бобоҷонзода қаблан дар шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият мекард.
Ниҳоди Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2016 таъсис дода шуд. Он замон дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода ба ин вазифа таъин шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.