spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вокунишҳои сахти бархе корбарони қирғиз ба муроҷиати видеоии муовини Эмомалӣ Раҳмон

“Кӣ бояд дар ҳамоҳангӣ ва сулҳ зиндагӣ гунад? Магар қирғизҳо буданд, ки бо миномиёт ба мардуми осоиштаи тоҷик ҳамла карданд??? Қирғизҳо буданд, ки мисли малахҳо ҳамаи моликияти тоҷикҳоро аз гулдон то чорво ғорат карданд, кӯдакону занони тоҷикро куштанд??? Агар воқеан чунин мебуд, он гоҳ медидем, ки ӯ чӣ мегуфт. Эҳеее, бедор шав!!! Ба мардуми худат муроҷиат кун!!! Сулҳхоҳ ёфтем!”,- чунин вокуниш кардааст, як корбари Фейсбук аз Қирғизистон бо номи Миргуля Болотбекова ба муроҷиати видеоии Хайранисо Юсуфӣ муовини Эмомалӣ Раҳмон дар ҳизби ҳокими Халқии демократии Тоҷикистон.

Юсуфӣ се рӯз пеш дар як муроҷиатномаи видеоӣ ба мардуми қирғиз, ки дар Ютуб нашр шуд, даъват карда буд, ки бояд барои барқарории сулҳу созиш миёни мардумони Тоҷикистону Қирғизистон талош кард.

Юсуфӣ дар ин муроҷиат ба забонҳои русиву қирғизӣ мегӯяд, ки “мо дар таърихи чандинасраи ҳамсоядории нек санҷишҳои бисёреро пушти сар кардем ва аз ҳамдигар омӯхтем. Ҳар кадоме аз мо ҳамкорон, дӯстон, шиносҳо хуб ва хешу таборҳо дар кишвари ҳамсоя дорем. Дар ин рӯзҳо, дар ҳар ду кишвар бисёр гуфта мешавад, ки моро таърихи муштарак, равобити хешутаборӣ, фарҳанг ва дин ба ҳам мепайвандад. Мо имрӯз, муваззафем, ки муттаҳид шавем, иродаи нек нишон диҳем ва барои  сулҳу ҳамсоягии неку неруи созанда аз ҳар ду тараф талош кунем. Мардумони мо бояд дар сулҳ зиндагӣ кунанд”.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳарчанд бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин муроҷиати Юсуфиро истиқбол кардаанд, вале аксари корбарони қирғиз ба он посухҳои хашине додаанд.

Аз ҷумла корбари дигаре бо номи Тоолос Абдулла: дар Ютуб зери ин видео навиштааст, ки “не, не, ин хел намешавад. Бояд дар сатҳи расмӣ узрхоҳӣ шавад ва ҳар чизеро ки дуздиданду сӯхтанд бояд барқарор кунанд. Он гоҳ мо фикр мекунем”.

Зери ин видео дар ютуб бисёре аз корбарон бо забони қирғизӣ суханҳои пасту баланде навишта ва ҷониби Тоҷикистонро дар сар задани низоҳои ахир гунаҳкор кардаанд.

Муроҷиати видеоии муовини ҳизби ҳокими ҲХДТ бо гузашти ду ҳафта аз  даргириҳои ахири Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи вилоятҳои Суғду Исфара сурат мегирад.

Тибқи иттилои расмӣ дар ин даргириҳо аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар куштаву 87 кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳои худро 36 ва шумори захмиёнро 186 нафар эълон кард.

Муроҷиати Юсуфӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари мавҷи танқидҳое, ки дар онҳо гуфта мешуд чеҳраҳои расмиву сиёсии Тоҷикистон вобаста ба даргириҳои марзӣ изҳори назар намекунанд, хеле хуб истиқбол шуд. 

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳои якдигарро барои оғози даргириҳои мусаллаҳона муттаҳам мекунанд. Даргириҳо рӯзи 28-уми апрел, пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон мехост дар як обанбори муштарак бо номи “Главное” дурбини назоратӣ насб кунад ва ҷараёни тақсими обро назорат кунад. Аммо ин тасмими ҷониби Тоҷикистон бо мухолифати мардум ва низомиёни қирғиз рӯ ба рӯ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...