Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Сафири Эрон: Лоиқ аз шахсияҳои барҷаста ва таъсиргузори ним қарни ахири Тоҷикистон буд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сафири Эрон: Лоиқ аз шахсияҳои барҷаста ва таъсиргузори ним қарни ахири Тоҷикистон буд

Asia-Plus

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ зимни як паёми табрикӣ ба муносибати 80-солагии Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат шоирони пуровозаи тоҷик, Лоиқро “аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷаста ва таъсиргузор дар арсаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва адаби порсӣ дар ним қарни ахир” номидааст.

Ӯ дар идомаи паёми табрикияш мегӯяд, ки эшон дар канори бузургоне ҳамчун устод Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва бону Гулрухсори Сафиева аз бунёнгузорони шеъри нав дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

“Мавзуъоти меҳварии асарҳои нав ва халлоқонаи ин ҳунарманди тоҷик, бештар дар тавсифи ҷойгоҳи арзишманди ватан, ҳувияту бозгашт ба хештан, худшиносӣ, эҳтиром ба гузаштаи муштараки форсизабонон, суннату таърихи миллӣ мебошад”.

МЕДИА (YOUTUBE)

Собирӣ бар ин аст, ки  Лоиқ яке аз авомили муҳимми ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ҳифз ва тавсеаи забони порсӣ ва адабиёти ниёгон медонист ва чунин гуфтааст,ки:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-у забони модари гум кардааст.

Сафири Эрон дар ин паёмӣ видеоӣ як шеъри Лоиқро, ки ба гуфтаи ӯ “ҷойгоҳи Эронро дар қалби порсигуёни Осиёи Марказиро ба зебоӣ баён менамояд” қироат мекунад:

Решаи ман, маншаи аҷдоди ман,

Асли ман, Эрони ман, бунёди ман.

Ҷони мо чун риштаи дубофтаст,

Бофти ман, тору пуди ёди ман.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.