spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент дар маҷлиси ҳукумат дастур дод, ки варзиш рушд дода шавад

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон 31 май маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумат аз 27 майи соли 2017 “Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҶТ барои солҳои 2017-2021” ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат Абдулло Раҳмонзода шунида шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таъкид гардид, ки мақсади асосии Барнома рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастрасии он барои аҳолӣ, оммавигардонии варзиш, таъмини самаранокии машғулиятҳои ҷисмонии аҳолӣ ва ба ин васила пайдо намудани наврасону ҷавонони болаёқат барои расидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амалисозии Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021-ро таъмин намоянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аъзои ҳукумат масъалаҳо Дар бораи Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии ҶТ барои давраи то соли 2030, Дар бораи  Барномаи  ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025 ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025, инчунин Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро муҳокима карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...