Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Шойгу: "Русия ба Тоҷикистон ройгон муҳимот ва техникаи ҳарбӣ медиҳад” - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Шойгу: “Русия ба Тоҷикистон ройгон муҳимот ва техникаи ҳарбӣ медиҳад”

8
8

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор намуд, ки вазъият дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таваҷҷӯҳи махсусро тақозо мекунад ва Русия ба амалкард дар ин самт оғоз кардааст. Ин ҷо, аз ҷумла  дар бораи таҳвили муҳимоту техникаи ҳарбӣ сухан меравад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Имрӯз кори муштарак (бо Тоҷикистон) оид ба пешгирӣ ва безарар сохтани таҳдидҳо аз қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон дар мадди аввал меистад. Хуруҷи босуръати нерӯҳои хориҷӣ аз он ҷо ба таназзули хеле тези вазъ, тақвият ва шиддат гирифтани фаъолияти террористон боис шуд”, – изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу зимни гуфтушунидҳо дар Душанбе.

Шойгу машқҳои муштаракро ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи СААД эълон карда, ҳамчунин гуфт, ки Маскав артиши Тоҷикистонро бо силоҳ ва техникаи ройгон муҷаҳҳаз хоҳад кард.

"Мо ба омӯзиши кадрҳои низомии соҳибихтисоси Тоҷикистон идома медиҳем. Онҳоро ҳам дар донишгоҳҳои низомии худ ва ҳам дар заминаи имконоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия таълим медиҳем. Барои таълими ҳарбӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам шудааст. Ба таҳкими имконоти ҷангии пойгоҳи худ ва дақиқ кардани нақшаҳои муштарак барои муқовимат ва аз байн бурдани эҳтимоли воридшавии эҳтимолии ҷангҷӯён таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунем ", – иброз доштааст вазир.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе гирдиҳам омаданд

Дар Афғонистон миёни нерӯҳои ҳукумат ва аъзои ҳаракати тундгарои “Толибон”, ки қаламравҳои назарраси деҳотро забт карда, ба шаҳрҳои бузург ҳамла карданд, муқовимати мусаллаҳона ҷараён дорад. Дар партави хуруҷи неруҳои низомии амрикоӣ аз ин кишвар, бесуботиву ноамнӣ меафзояд.

Ёдрас мекунем, ки дар Душанбе ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ доир гардида, дар он масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи Душанбе қабул мешавад.

Аз 1 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, тамринҳои низомии муштараки тактикии Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Шурӯъ аз 1 август хизматчиёни ҳарбӣ ва техника ба ҷойи баргузории тамрин интиқол ёфта, аз 5 то 10 август қисмати амалии тамрин доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...