Дар Душанбе Фестивали фарҳанги Корея баргузор мешавад

Рӯзи шанбе, 3 июн дар Душанбе "К-поп Фестивал" ва “Фестивали фарҳанги Корея” баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Корея дар Тоҷикистон. Чорабиниҳо аз соати 11:00 то 20:30 дар Амфитеатр доир гардида, воридшавӣ ба онҳо бепул аст. Тибқи барнома аз соати 11:00 то 20:30 ярмарка-намоишгоҳи маҳсулот ва хӯроки Корея ва аз соати 18:00 то […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзи шанбе, 3 июн дар Душанбе "К-поп Фестивал" ва “Фестивали фарҳанги Корея” баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Корея дар Тоҷикистон.

Чорабиниҳо аз соати 11:00 то 20:30 дар Амфитеатр доир гардида, воридшавӣ ба онҳо бепул аст.

Тибқи барнома аз соати 11:00 то 20:30 ярмарка-намоишгоҳи маҳсулот ва хӯроки Корея ва аз соати 18:00 то 21:00 оид ба К-pop-вокал ва рақсҳо мусобиқаҳо баргузор мешаванд.

Дар фестивал бо фарҳанги Корея (сарулибос, бозиҳо, эҷодиёт, намоиши мол), навиштани хати кореягӣ (каллиграфия) шинос шудан мумкин аст.

Ҳамчунин чашидани мазза ва фурӯши таъомҳои кореягӣ (рамен, кимбаб, кимчи, далгона, ток) доир мегардад.

Дар "К-поп Фестивал" 18 дастае, ки аз марҳилаи пешакии онлайн гузаштаанд, иштирок ва аз рӯи вокал ва рақс рақобат мекунанд.

Ҳамчунин дар доираи фестивал ҳунарнамоии сарояндагони ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов, Даниел Рустамов, Фаррух Ҳасанов, Абдувалӣ Соҳибов, инчунин вокалистка аз Нигерия пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби фестивал баргузории озмуну викторинаҳо, маросимҳои тақдими туҳфа ва ҷоизаҳо дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.