Бо вуҷуди он ки дар замони мавҷи дуввуми бемории коронавирус сарусадо дар бораи фавтидагон аз ин беморӣ зиёд ба нашр мерасад, масъулини яке аз калонтарин қабристонҳои пойтахт – “Сари Осиё” мегӯянд, дар як рӯз танҳо як ё баъзе рӯз ду нафарро дафн мекунанду халос.
Сардори оромгоҳи мазкур Баҳодур Сафарав мегӯяд, дар замони мавҷи дуввуми коронавирус ҳам талаботи мардум мисли 10-15 соли пеш аст ва дар ин давра касеро бо бемории коронавирус дафн накардаанд.
Аммо яке аз қабрканҳои оромгоҳ Нодир Валиев, ки тӯли ду сол дар ин оромгоҳ фаъолият дорад, мегӯяд, рӯзе мешавад, ки ҳатто то 4 қабр меканад ва ҳатто қабрҳоро пешакӣ ҳам канда мемонанд.
Соле қабл баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе бо нашри наворе дар Интернет аз селофанпеч шудани чанд қабри нав дар оромгоҳҳои пойтахт нигаронӣ карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ин мазори қурбониёни COVID-19 аст. Вале мақомот ин иддаоро рад карда, гуфтанд, ки он танҳо бо ҳадафи муҳофизати гӯрҳо аз боду борон асту бас. Ин суханонро Баҳодур Сафаров ҳам зикр кард, вале гуфт, ин чиз 20-30 сол пеш ҳам буд.
Рабизода Соҳиби Ғиёс аз раёсати оромгоҳҳои шаҳр мегӯяд, дар Душанбе 5 қабристони қонунӣ амал мекунад ва дар як моҳ дар ҳамаи онҳо ҳамагӣ 25-30 нафар ба хок супурда мешавад. Вале тавре ба назар мерасад, шумораи фавтидагон дар рӯзҳои охир бамаротиб зиёдтар аст.
Тибқи иттилои расмӣ дар 6 моҳи соли 2021 дар 5 қабристони қонунии шаҳри Душанбе ҳамагӣ 302 нафар гуронида шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.