Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 август бо сафари корӣ ба шаҳри металлургҳо – Турсунзода рафта, имрӯз хадамоти матбуоти сарвари давлат дар саҳифаи фейсбукиаш навореро бо манзараи шаҳр, ки ба пешвози президент ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст, нашр кард. Ин ҷо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бисёр иншооти нав сохта шуд.
Ҳамчунин навори видеоии боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” нашр шудааст. Дар ин ҷо навъҳои гуногуни ангурҳои хуштаъму болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаи табииро парвариш мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.