Бародарон, сокинони шаҳри Душанбе Афғон Саидови 23-сола ва Саидавлиё Саидови 21-сола, маъмурони маркази дилхушии «Зебои меҳр» (ПМС) воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои лату кӯби мизоҷ ба ҳабс гирифта шуданд.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, муайян карда шудааст, ки маъмуру назоратчиёни тарабхонаи мазкур бо як гурӯҳ мизоҷони маркази дилхушии «Зебои меҳр» (ПМС), ки дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд, муноқиша карда, як нафар мизоҷро зери латукӯби шадид қарор додаанд. дар натиҷа ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Гуфта мешавад, айни замон нисбати бародарон мутобиқи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар маврди дигар иштирокчиёни ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома дорад. Дар сурати исботи гуноҳ ба онҳо 2 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.