Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба Тоҷикистон ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон хабар доданд, вале сабабҳои мавқуф гузоштани сафарро шарҳ надоданд.
Ёдрас мекунем, ки сафари расмии сарвазири Қазоқистон ба ҷумҳурии мо бояд рӯзҳои 23-24 ҳамин моҳ сурат мегирифт. Ширкати К.Масимов дар иятитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон пешбинӣ гардида буд.
Бино ба иттилои манбаъ, боздиди расмии сарвазири Қазоқистон аз Тоҷикистон рӯзҳои 5-6-уми ноябр доир хоҳад гашт. Интизор меравад, ки дар ҷараёни боздиди корӣ сарвазири Қазоқистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмӣ мулоқот мекунад.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба 206 млн. 535 ҳазор доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки воридоти мол аз Қазоқистон беш аз 200 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.