Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории «Казинформ» иттилоъ медиҳад, ки дирӯз дар шаҳри Остона боздиди кории нахуствазирони Қазоқистону Тоҷикистон Карим Масимов ва Оқил Оқилов баргузор гаштааст.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуманитариву фарҳанг ва тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ба масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, истифодаи захоири маводи сӯзишворӣ, сохтмони хати интиқоли барқ миёни кишварҳо тавассути Қирғизистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид.
Нахуствазирон изҳори боварӣ намуданд, ки сатҳи ҳусни тафоҳуми мавҷуда миёни кишварҳо минбаъд шароит фароҳам хоҳад сохт, ки сатҳи ҳамкориҳо бештар таҳкиму густариш ёбанд.