Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо фармони президенти Тоҷикистон сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов бо ордени «Дӯстӣ» мкофотонида шуд.
Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сафири Русия дар робита ба анҷоми ваколаташ дар ҷумҳурии мо, сарвари давлат ин мукофотро ба ӯ супоридааст.
Сафири Русия барои саҳми арзандааш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Русия ба ин мукофот сазовор дониста шуд.