Ҳукумати Тоҷикистон мураббиён ва футболбозони хориҷиеро, ки соли оянда аз хориҷ ба дастаҳои кишвар меоянд, аз пардохти молиёт озод кардааст.
Дар Қонуни буҷаи соли 2021, ки ҳамин ҳафта дар матбуоти дохилӣ нашр шуд, омадааст, мураббиён ва бозигароне, ки аз хориҷ барои рушди клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешаванд.
Дар қонуни мазкур омадааст, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва воҳидҳои тобеи он ва дастаҳои футбол дар умум аз пардохти молиёт аз амволу нақлиёт озод ҳастанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.