Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз нахуствазири мамлакат – Оқил Оқилов ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Кишинёв – пойтахти Ҷумҳурии Молдова сафар мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар нишаст баррасии наздики 35 лоиҳаи аснод дар назар аст. Дар меҳвари мулоқот масъалаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 қарор хоҳад дошт.
Маврид ба ёдоварист, ки масъалаи мазкур дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳод, дар моҳи октябри соли ҷорӣ баррасӣ шуда буд. Он вақт ин санад аз тарафи сарони кишварҳои аъзо мавриди таъйид шуд ва барои баррасӣ ва қабули қарори ниҳоӣ дар бораи он ба раҳбарони ҳукуматҳо пешниҳод гардид.