Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 13 декабр ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии Раёсати ВКД дар ВМКБ-ро дар 11 моҳи соли равон баргузор намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, зимни суханронии худ вазир аз воқеаҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ ва натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар ВМКБ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ андешаронӣ кард.
“Бо талошу кушишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба кору зиндагӣ машғул ҳастанд”, – гуфт ӯ.
Вазир таъкид дошт, ки ВМКБ сол аз сол рушду тараққӣ ёфта, ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамасола корхона ва бинову иншооти гуногун сохта, мавриди истифода қарор мегиранд.
“Аммо, роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо вазъияти ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ ноором сохта, ба ин амалҳои ҷинояткоронаи худ ноболиғону ҷавононро ҷалб карда истодаанд”, – изҳор намуд вазир.
Гуфта мешавад, дар оғози ҷаласа сардори раёсати вилоят генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Р. оид ба натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ дар самтҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайрокуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон, бозрасии давлатии автомобилӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ воситаҳои нашъадор ва ғайра ибрози андеша намуд.
Зикр мегардад, ки дар фарҷоми ҷаласа ба кормандони милитсия дастур дода шуд, ки барои суботу оромӣ ва осоиштагию амнияти шаҳрвандон вазифа ва уҳдадориҳои худро содиқона ва сарбаландона иҷро намоянд.
Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоӣ дар Хоруғ рӯзи 25 ноябр пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардида, шоми 28 ноябр пас аз ваъдаи мақомот дар бораи тафтиши дақиқи ҳодисаи марги Зиёбеков ва боз ду ҷавони дигар, инчунин иҷрои дигар талабҳои эътирозгарон ба поён расид.
Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.