Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо шикоятҳо аз идомаи ҷалби иҷборӣ (облава) – и ҷавонон ба артишро рад кард ва ба суоли хабарнигорон дар мавриди миқдори маблағи ҷамъшуда аз ҳисоби “хидмати пулакӣ”, худдорӣ кард.
Номбурда имрӯз, 22-юми декабр баъди як ҷаласаи парлумонӣ дар суҳбати кутоҳ бо хабарнигорон гуфт, дар даъвати тирамоҳӣ бо онҳо дар мавриди ҷалби иҷборӣ ё “облава”-и ҷавонон ба артиш шикояте ворид нашудааст.
Ӯ аз шарҳи бештари ин масъала худдорӣ кард ва ба суоли батакрори хабарнигрон дар мавриди он ки бо вуҷуди хотима ёфтани маъракаи даъвати ҳарбӣ шикоятҳо дар мавриди “облава” идома дорад, кутоҳ гуфт “чунин нест”.
Шералӣ Мирзо ҳамчунин, ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар мавриди ҷамъ шудани чӣ миқдор маблағ аз ҳисоби ҷавононе, ки имсол тариқи маблағ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуданд, гуфт, “дар ин маврид як барномаи алоҳидаи телевизионӣ таҳия шудааст ва бегоҳи имрӯз, 22 декабр пахш хоҳад шуд”.
Вазири дифоъ аз ҷузъиёти бештари ин масъала низ худдорӣ кард.
Бо вуҷуди ин ки вазири дифои кишвар, шикоят дар бораи “облава”-и ҷавононро рад кард, бархе ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон бо хотима ёфтани маъракаи даъвати ҳарбӣ шикоят мекунанд, ки “облава”-и ҷавонон ба артиш идома дорад. Ҳамичунин дар даъвати тирамоҳии имсол чанд мавриди "облава" расонаӣ низ шуда буд ва бархеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳато наворҳои видеоӣ нашр карданд.
Аз ҷумла, чанде пеш, наздикони як сокини 20-солаи шаҳри Турсунзода ба “Азия-Плюс” шикоят намуданд, ки ӯро мустақиман дар назди зинапояи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кӯлоб боздошт ва ба артиш бурдаанд. Ҳарчанд дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб доир ба ин масъала изҳори бехабарӣ намуданд, вале ба гуфтаи наздикони ҷавон, ӯ 2 сол инҷониб барои пулкоркунӣ дар Русия қарор дошта, 9 декабр пас аз фаҳмидани бемории бибиаш таъҷилан ба ватан омадааст.
Аз ин пештар як нафари дигар дар бораи ҳодисаи “облава” ба “Азия-Плюс” шикоят карда буд. Ӯ дар бораи ногаҳон аз донишгоҳ хориҷ шудан ва ба артиш бурдани бародараш нақл кард.
“Бародари хурдии ман Фурқатҷон Рӯзиев дар факултаи кимиё ва биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекард. То ин дам ӯ мудом дар дарсҳо иштирок мекард ва пули шартномаи таҳсилро саривақт пардохт кард. Лекин 7 декабр ӯро аз донишгоҳ гирифта, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Аз куҷое дар китоби давомоти донишгоҳ зиёда аз 48 соат аломати “ғоиб будан дар дарс” (НБ) пайдо шудааст”, – навишта буд корбар.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ҳамсабақонаш мегӯянд, ки ӯ дар ҳамаи машғулиятҳо ҳузур дошт.
Ҳамчунин, рӯзи 30-юми ноябр дар суҳбат бо “Азия – Плюс” раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Дилрабо Самадова гуфта буд, ки дар мавриди “облава“-и ҷавонон тақрибан ҳар рӯз шикоят мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, "агар соли гузашта зиёда аз 300 нафар аз поймол шудани ҳуқуқашон дар вақти даъват шикоят карда буданд, имсол ин омор қариб ба 1000 нафар расид."
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки ҳанӯз 30 ноябр маъракаи даъваи тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ ба охир расида, нақшаи даъват 100% иҷро шудааст, лекин дар ҳамин ҳол, зикр кард, ки дар шаҳру навоҳӣ аллакай омодагӣ ба даъвати баҳорӣ оғоз шудааст.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад. Вале бино ба наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони мақомот дар либоси шаҳрвандӣ ҷавононро аз кӯчаҳо дошта, ба артиш мебаранд.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол маълум нест, ки чӣ тедоде аз хоҳишмандон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.