spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 69 млн доллар барқ интиқол медиҳад

Тоҷикистон мувофиқи созишномаи имзошуда бо Афғонистон соли равон ба ин кишвар 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳад, менависад ИНТЕРФАКС бо истинод ба муовини намояндаи расмии ҳаракати “Толибон” Иномулло Самангонӣ.

“Мутобиқи созишномаҳои нав байни Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат ва Ӯзбекистон – 2 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳанд”, – гуфтааст Самангонӣ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Барқи тоҷик" қарордодаш бо "Толибон"-ро шарҳ дод: "танҳо ҷанбаи иқтисодӣ дорад"

Таъкид шудааст, ки арзиши солонаи қарордодҳо мутаносибан 69 млн  ва 100 млн долларро ташкил медиҳад.

Қаблан ширкати “Барқи тоҷик” дар шарҳи имзои қарордод бо Афғонистон зикр кард, ки ин як қарордоди иловагии ҳанӯз соли 2008 баимзорасида ба созишномаи байни ҷонибҳо мебошад.

“Тибқи илова ба созишнома барои соли 2022, дар давраи баҳору тобистон (май-сентябр) Афғонистон аз Тоҷикистон ҳамарӯза 400 МВт/соат ва дар давраи тирамоҳу зимистон (октябр-апрел) – 25-30 МВт/соат барқ мегирад, ки “ба тавозуни умумии таъминот бо барқ дар кишвар таъсир намерасонад”, – зикр гардида буд дар хабар.

Барои 1 кВт/соат барқ Афғонистон 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент – тариқи хати интиқоли барқи 220 кВ маблағ пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 94 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ интиқол додааст, ки ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...