spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Неруҳои посдори сулҳи Тоҷикистон Қазоқистонро тарк мекунанд

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зимни ҷаласаи ситоди фаврӣ дар Алмато изҳор намуд, ки хуруҷи муташаккилонаи неруҳои посдори сулҳи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) 13 январ оғоз мегардад.

Ӯ ба ҳайати фармондеҳии неруҳо барои фаъолияташон дар муддати ин рӯзҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

“Худи ҳузури воҳиди неруҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон, аз ҷумла дар Алмаато, аз лиҳози ба эътидол овардани вазъ дар кишвари мо нақши хеле муҳим бозид. Албатта, ин барои рафъи ҳамлаи террористону роҳзанон аҳамияти беандозаи равонӣ ҳам дошт. Анҷоми рисолат хеле муваффақ арзёбӣ мешавад. Бори дигар ба сарони давлатҳо изҳори сипос мекунам”, – гуфтааст Токаев.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Рӯзи 12 январ дар Нур-Султон Токаев дабири кулли СПАД Станислав Засро ба ҳузур пазируфт, хабар дода мешавад дар сомонаи президент.

Раисиҷумҳури Қазоқистон аз натоиҷи нишасти ғайринавбатии СПАД изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин ба муттаҳидони СПАД барои дастгирӣ ва кумаки саривақтӣ ба Қазоқистон дар рафъи ҳамлаи террористӣ изҳори сипос кард.

Дабири кулли СПАД дар бораи ҷараёни иҷрои вазифаҳои неруҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон, аз ҷумла оғози хуруҷи воҳидҳои кишварҳои узви он дар мӯҳлати муайянкардаи раиси Қазоқистон аз ин кишвар маълумот дод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Токаев: "Неруҳои СПАД аз Қазоқистон баъди ду рӯз оҳиста-оҳиста мебароянд"

Дар Қазоқистон бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ аз аввали моҳи январ мардум ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо ба хушунат печиданд. Мақомоти кишвар эълон карданд, ки “амалиёти зиддитерористӣ” анҷом медиҳанд. Дар саросари кишвар то 19 январ вазъи фавқулода ҷорӣ шуд.

Бо даъвати президенти ин кишвар, кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Русия, Беларус, Арманистон ,Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Қазоқистон сарбозу афсар фиристоданд.

Тибқи гузориши шабакаи телевизионии “Россия 24” неруҳои посдори сулҳ аз Тоҷикистон ба посбонии анборҳои захираи маҳсулоти нафтии Қазоқистон машғуланд.

“Низомиёни Тоҷикистон посбониву амнияти анборҳои захираи маҳсулоти нафтӣ, хизматчиёни ҳарбии Беларус – фурудгоҳ, қирғизҳо – Маркази барқи гармидиҳии 2, неруҳои посдори сулҳи Русия ва низомиёни Арманистон – фурудгоҳи Алмато ва як қатор дигар иншооти стратегиро таъмин мекунанд”, – зикр шуда буд дар гузориш.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...