spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Додситони кул тасдиқ кард, ки муовини додситони Сино барои парванди Мадина барканор шуд

Додситонии кулли Тоҷикистон таъйид кард, ки муовини додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар пайи парвандаи Мадина Мамадҷонова барканор шуд, аммо алайҳи ӯ ҳеч парвандае боз нашудааст.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод, имрӯз, 2-юми феврал гуфт, ки дар ҳақиқат муовини додситони ноҳияи Сино барои назорати нодурусти татбиқи қонун дар қазияи лату кӯб ва ба марг расонидани Мадина Мамадҷонова барканор шуд.

"Ин додситон айни ҳол дар ҳисоби кадрҳои захиравии мақомоти додситонӣ қарор дорад",-гуфт Юсуф Раҳмон.

Додситони кулл гуфт, ки қазия ва парвандаи Мадина Мамадҷонова  таҳти назорати бевоситаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ қарор дошт.

Баъди муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Рустами Эмомалӣ ва таҳти назорати шахсӣ гирифтани қазия аз сӯйи раиси Маҷлиси миллӣ, парвандаи Мадина вориди гардишҳои нав шуд.

Пас аз ин, хабарҳо нашр шуд, ки муовини аввали додситонии ноҳияи Сино Сӯҳроб Салимзода бар асоси қонуни афв нимаи моҳи сентябри соли равон тафтиши парвандаи Азиза Давлатоваро, ки дар қасди куштори Мадина Мамадҷонова гумонбар дониста мешавад, қатъ карда буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Наздикони Мадина дубора аз Рустами Эмомалӣ хостори адлу дод шуданд: "ӯро гурӯҳӣ куштанд"

Ҳамчунин он замон мегуфтанд, ки муовини сардори ШВКД-и ноҳияи Сино низ бар пайи ин парванда барканор шудааст.

Бархе аз ҳуқуқшиносон он замон ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки алайҳи мақомдороне, ки дар тафтиши ноодилонаи парвандаи Мадина Мамадҷонова ва имзои қарори афви гумонбари парванда даст доранд, бояд бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Он замон як ҳуқуқшиноси тоҷик, бидуни зикри номаш, зимни суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфта буд, онҳо бояд бо се моддаи КҶ Тоҷикистон: моддаи 360 қисми 1 (ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ), моддаи 314 қисми 1 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва  моддаи 316 қисми 1 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)  ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон гумонбари асосии латукӯби Мадина Мамадҷонова – Азиза Давлатоваро ба 11 сол ва  иштирокчиёни дигари “қазияи Мадина” Парвиз (Лутфулло) Давлатов ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин, бо татбиқи қонуни авфи соли 2021 аз ҳукми Азиза як сол ва аз ҳукми Парвиз 2 солу 6 моҳ кам карда шуд. Акнун яккумӣ 10 сол ва дуввумӣ 5 солу 4 моҳ паси панҷара мемонанд.

Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, ки баъди латукӯб беш аз се моҳ дар кома буда, рӯзи 15 декабр даргузашт, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мадина Мамадҷонова

Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Пизишкон гуфтанд, эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дида буд. 

Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуданд. Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситони кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
«Парвандаи Мадина». Азиза Давлатова ба 11 соли зиндон маҳкум шуд

Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.

Рӯзи 1 декабр Додситони кулли Тоҷикистон дар посухи катбӣ “Азия – Плюс” гуфта буд, ки 18-уми ноябри соли 2021 парвандаи латукӯби Мадина Маҳмадҷонова барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...