Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд

Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми моҳҳои январ-марти соли 2024 каме бештар аз 3 млрд 530 млн сомониро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 6,7% зиёд аст. Ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ 112,4 млн ва чорводорӣ – 3 млрд 418,5 млн сомониро ташкил додааст. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми моҳҳои январ-марти соли 2024 каме бештар аз 3 млрд 530 млн сомониро ташкил дод.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 6,7% зиёд аст. Ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ 112,4 млн ва чорводорӣ – 3 млрд 418,5 млн сомониро ташкил додааст.

Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли 2024 дар 440 ҳазору 727 гектар заминҳо кишти баҳорӣ гузаронида шуда, ба ҳолати 29 апрел он дар ҳудуди 80%-и заминҳо иҷро шудааст.

Аз ҷумла кишти пахта зиёда аз 164 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки ба беш аз 88,4%-и нақша (186 ҳазор гектар) баробар аст. Дар ин давра картошка дар 18 ҳазору 187 гектар шинонида шудааст, ки ба 45,4%-и нақша (каме бештар аз 40 ҳазор гектар) баробар аст.

Кишоварзони Тоҷикистон имрӯз ба кишти зироатҳои равғандеҳ, сабзавот, полизӣ ва хӯроки чорво машғул буда, нишондиҳандаҳои бисёре аз онҳо 50% ва зиёда аз онро ташкил медиҳад.

Имсол дар Тоҷикистон парвариши зиёда аз 1,7 млн тонна ғалладонагиҳо, аз ҷумла 998 ҳазор тонна гандум, 432 ҳазор тонна пахта, 1,1 млн тонна картошка, 2,7 млн тонна дигар сабзавот, аз қабили 752 ҳазор тонна пиёз ва 874 ҳазор тонна зироати полизӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми истеҳсоли аксари онҳо аз талаботи ҷумҳурӣ зиёд буда, ба содирот фиристода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио