spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Туркманистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир мегардад

Интихоботи ғайринавбатии президенти Туркманистон 12 марти соли равон баргузор мешавад, хабар додааст ба РИА Новости ёвари раиси Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар Безирген Қараев.

Чанде пеш дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии парлумон – Халқ Маслиҳати (Шӯрои халқӣ) президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов изҳор доштааст, ки акнун ба ҷавонон имкон додан лозим аст, ки идоракунии давлатро ба дасти худ гиранд.

Таврк ки ВАО-и Туркманистон хабар медиҳанд, “дар ин робита ба раиси Комиссияи марказӣ оид ба баргузории интихобот ва раъйпурсӣ супориш дода шудааст, ки мувофиқи Конститутсия ва қонунгузории Туркманистон ба корҳои омодагӣ ва баргузории ин маърака оғоз кунад”.

“Тибқи дастурҳои президенти Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботи кишвар ба корҳои омодагӣ барои баргузории интихоботи ғайринавбатии президентӣ, ки 12 март баргузор мешавад, шурӯъ намуд, – гуфтааст ба РИА Новости тариқи телефон ёвари роҳбари Комиссия.

Президенти Туркманистон шаҳрванди Туркманистон интихоб шуда метавонад, ки аз синнаш 40-сола кам  нест, забони давлатиро медонад, камаш 15 соли охир дар Туркманистон кору зиндагӣ карда бошад.

Президенти Туркманистон бевосита аз ҷониби халқи Туркманистон ба муҳлати 7 сол интихоб шуда, аз замон савганд ёд кардан ба иҷрои вазифа шурӯъ мекунад.

Қобили зикр аст, ки маъракаи охирини интихоботи президенти Туркманистон соли 2017 баргузор шуда буд. Тибқи қонун инихоботи навбатӣ бояд соли 2024 доир мегардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...