spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Корманди касбии БДА сардори нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шуд

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 24 феврал Ҳамидзода Бароталӣ Партов аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод карда шуд. Сипас дар мувофиқа бо президент ӯ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шуд.

Генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода 11 ноябри соли 1967 таваллуд шудааст. Маълумоти олӣ дорад. Аз соли 1989 дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ кор мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шариф Назарзода сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ таъин шуд. Тағйирот дар ВКД

Фаъолияти кориро ба сифати нозири ҳаракат дар роҳи БДА оғоз намуда, ба ҳайси роҳбари шуъбаи Хадамоти роҳу посбонӣ (ДПС)-и ШБДА, сардори шуъбаи нозироти техникии ШБДА, фармондеҳи баталони алоҳидаи Хадамоти роҳу посбонӣ (ДПС)-и ШБДА ифои вазифа намудааст.

Сипас дар вазифаҳои муовини сардори Раёсати корҳои дохилии ВКД, муовини сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ кор кардааст.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ 10 сентябри соли 2020 Бароталӣ Ҳамидзода муовини вазири корҳои дохилӣ таъин шуд. Бо мукофот ва ифтихорномаҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳамидзода Бароталӣ Партов

Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 24 феврал бо фармонҳои президент ва қарорҳои ҳукумат дар сохторҳои раҳбарияти ВКД тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Кӣ ба куҷо? Идомаи тағйироти кадрӣ дар ВКД. Мансабҳои нави Қунғуротзодаву Мирзомуродзода

Зимни мулоқот бо кадрҳои тозатаъин президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуд.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки  кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.

“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед” – гуфт сарвари давлат дар анҷоми мулоқот.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...