Нурулло Саидов, бародари 64-солаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, пас аз ду бародарзодааш дар вилояти Хатлон боздошт шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун сабаби боздошти Саидовро шарҳ надодаанд, аммо наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ ба гумони “гирифтани маблағ аз хориҷ” муттаҳам мешавад.
Аз ин қабл, ду бародарзодаи Саидовро ҳам мақомот боздошт карда буданд, ки далели дастгир кардани онҳоро ҳам шарҳ надодаанд, аммо ба иддаои наздиконашон онҳо низ бо айни иттиҳом боздошт шудаанд.
Абубакри Нурӣ, бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, рӯзи 15-уми март аз Олмон ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки қазияи боздошти бародару бародарзодаҳояш “ангезаи сиёсӣ дорад” ва “гирифтани пул аз хориҷа баҳона аст”.
“Бале, пайвандони Нурулло дар хориҷа ҳастанд ва ба хонавода ёрӣ мерасонанд. Ба мисли даҳҳо ҳазор муҳоҷире, ки дар Русия ва кишварҳои дигар ин корро анҷом медиҳанд,” – гуфтааст ӯ ба “Озодӣ”.
Дар Тоҷикистон солҳои ахир ба қонунгузорӣ тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он дарёфти пул ах нафароне, ки ба ифротгароиву терроризм муттаҳам мешаванд, ҷиноят дониста мешавад.
Дар Тоҷикистон то кунун чандин нафар бо ин ҷурм равонаи зиндон шудаанд, аз ҷумла Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе соли 2020 Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дона Набиев, сокини солманди ноҳияи Рӯдакӣ, низ бо ҳамин гуноҳ зиндонӣ шуда буд, ки баъдан афв шуд.
Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати даҳҳо намояндаи мухолифин, паноҳҷӯён ва ҷангҷӯёни тоҷикро дар хориҷа тартиб додааст, ки ҳар гуна додугирифт бо онҳо мамнуъст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.