Ҳалокати 5 сокини ноҳияи Деваштич дар садамаи нақлиёт

Дар пайи садамаи нақлиёт дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, 5 сокини ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарии беморхона шудааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳодиса 7-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:51-дақиқа, рух додааст. “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” Худоёров Ҷамшид Қайнарович, соли таваллудаш 2004, сокини […]

Дар пайи садамаи нақлиёт дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, 5 сокини ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарии беморхона шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳодиса 7-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:51-дақиқа, рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” Худоёров Ҷамшид Қайнарович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард берун шуда, ба масофаи 49 метр сарозер шуда, дар дохили сойи деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон афтидааст”, – навишт манбаъ.

ВКД таъкид кард, ки дар пайи ин ҳодиса мусофирони автомашинаи мазкур Худоёров Баҳодур Раҳматбоевич, соли таваллудаш 1968, Худоёрова Шаҳодат Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 1970, Худоёрова Муспира Раҳматбоевна, соли таваллудаш 1974 ва Худоёрова Шоира Раҳматбоевна, соли таваллудаш 1975, сокинони ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

“Худи ронанда Худоёров Ҷ.Қ. ва 9 нафар мусофирони боқимондаи автомашинаи мазкур, ки аз инҳо 6 нафарашон ноболиғ мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Сипас дар беморхона ноболиғ Худоёров Эҳрон Акмалович, соли таваллудаш 2014, баъд аз чанд соат ба ҳалокат расидааст”, – зикр мешавад дар хабар.

Ин ниҳод навиштааст, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Бояд гуфт, ин дуюмин садамаи пурқубонӣ давоми моҳи ҷорӣ аст. Пештар аз ин, рӯзи 2-юми июл, дар шоҳроҳи Айнӣ – Мачоҳи Кӯҳӣ бар асари садамаи нақлиёт 5 узви як оила – шану шавҳар ва се фарзанди ноболиғи онҳо ҷон бохтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.