Додгоҳи Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистонро аз 16 то 25 сол равонаи зиндон кард

Додгоҳе дар Екатеринбурги Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми “ташкили гуруҳи террористӣ ва иштирок дар он” ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардааст. Дар ин бораи centralasian.org бо такя ба сарчашмаҳои гуногун иттилоъ медиҳад. Расонаи “It’s My City” иттилоъ дода, ки Сангинмурод Мусофирову Абубакр Сангчаров дар ташкили созмони террористӣ ва ҷалби одамон ба он гунаҳкор дониста шудаанд. Додгоҳ […]

Додгоҳе дар Екатеринбурги Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми “ташкили гуруҳи террористӣ ва иштирок дар он” ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардааст. Дар ин бораи centralasian.org бо такя ба сарчашмаҳои гуногун иттилоъ медиҳад.

Расонаи “It’s My City” иттилоъ дода, ки Сангинмурод Мусофирову Абубакр Сангчаров дар ташкили созмони террористӣ ва ҷалби одамон ба он гунаҳкор дониста шудаанд. Додгоҳ аввалиро 25 ва дувумиро 24 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Се гумонбари дигари парванда Анваршо Авезов 18 сол, Нуралӣ Дӯстов 17 сол, Шаҳромҷон Мусофиров 16 сол зиндонӣ ва ҳар яке 350 ҳазор рубл ҷарима шудаанд.

Ба иттилои пойгоҳи иттилоотии “Baza”, Сангчаров шаҳрвандии Русияро дорад ва боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд. “URA.RU” навишта, ки панҷ кас шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд.

Расонаҳо соли 2021 хабар дода буданд, ки дар натиҷаи як амалиёти хадамоти махсуси Русия 15 муҳоҷир дастгир гаштааст. 10 каси онҳо баъд аз се моҳ аз Русия ихроҷ ва панҷ тани боқӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ гуфта буд, ки гумонбарон мехостанд дар Екатеринбург як шохаи гуруҳи “Толибон”-ро ташкил кунанд.

Наздикони муҳоҷирон иттиҳомотро беасосу сохта хонда, мегӯянд, “онҳо аз ноилоҷӣ ба Русия рафта буданд”.

Азизмурод Мусофиров, ки дар миёни боздоштшудаҳо бародар ва чанд хешовандонаш ҳаст, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳоро ду рӯз шиканҷа ва маҷбур кардаанд, ки гуноҳро ба гардан гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.