Боздошти 10 ҷавоне, ки ба тарсу ҳароси сокинони Душанбе ва авбошӣ машғул буданд

Пулиси пойтахт, дар асоси шикояти шаҳрвандон 10-нафар ҷавонро, ки бо истифодаи силоҳи сард сокинони пойтахтро тарсониданд ва мунтазам ба авбошӣ машғул буданд, боздошт кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дод. Ба навишти манбаъ, зимни санҷиш муайян шудааст, ки Абдуҳалим Муҳаммадиев, Меҳроҷ Раҳимов, Ҷамолиддин Оев, Муҳаммад Нуров, Иброҳим Муҳаммадиев, Муҳаммад Саидмуродзода, Саидмаҳмуд Оев, […]

Пулиси пойтахт, дар асоси шикояти шаҳрвандон 10-нафар ҷавонро, ки бо истифодаи силоҳи сард сокинони пойтахтро тарсониданд ва мунтазам ба авбошӣ машғул буданд, боздошт кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дод.

Ба навишти манбаъ, зимни санҷиш муайян шудааст, ки Абдуҳалим Муҳаммадиев, Меҳроҷ Раҳимов, Ҷамолиддин Оев, Муҳаммад Нуров, Иброҳим Муҳаммадиев, Муҳаммад Саидмуродзода, Саидмаҳмуд Оев, Ҷамшед Абдулхайров, Фатҳиддин Туманов ва Шариф Юлдошев дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт шабгардӣ намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

“…бо истифода аз яроқи сард ба тарс додани шаҳрвандон ва мунтазам ба содир намудани кирдорҳои зидди ҷамъиятию авбошӣ машғул будаанд”, ‑ омадааст дар хабар.

Гуфта шудааст, ки се нафари онҳо доғи судӣ дошта, қаблан бо моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ҷазо гирифтаанд. Аз ҷумла, Абдуҳалим Муҳаммадиев бо моддаи 249-роҳзанӣ, Муҳаммад Нуров бо моддаи 244-дуздӣ ва Иброҳим Муҳаммадиев бо моддаи 248-ғоратгарӣ маҳкум шудаанд.

Зикр шудааст, ки ҳамаи гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, нисбати онҳо корҳои тафтишотӣ идома дорад. Муайян нест, ки нисбати онҳо бо кадом моддаи қонунгузорӣ ҷазо таъин карда мешавад.

Мақомот дар зимн аз сокинон даъват кардааст, ки агар аз тарафи ин ҷавонон ба онҳо зараре расида бошад, бо рақамҳои +992 900 71 67 67, ба пулиси пойтахт муроҷиат кунанд.

Бояд зикр намуд, ки хабари мусодираи силоҳи сард дар байни сокинон аз тарафи мақомот зуд-зуд нашр мешавад. Ба иттилои Раёсати ВКД давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи амалиёти "Корд" дар пойтахт аз ноболиғон ва ҷавонон 62 адад силоҳи сард мусодира шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.