ФАСР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро боло бурд

Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) пешбинии рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар поёни соли ҷорӣ то 7,6% боло бурд. Дар ин бора дар Гузориши иқтисодии минтақавии Фонд хабар дода мешавад, ки 9 июл муаррифӣ шуд. Дар Гузориши баҳории ФАСР рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи 7,2% пешбинӣ гардида буд. «Баландшавии суръати рушд дар муқоиса бо пешбинии қаблӣ […]

Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) пешбинии рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар поёни соли ҷорӣ то 7,6% боло бурд. Дар ин бора дар Гузориши иқтисодии минтақавии Фонд хабар дода мешавад, ки 9 июл муаррифӣ шуд.

Дар Гузориши баҳории ФАСР рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи 7,2% пешбинӣ гардида буд.

«Баландшавии суръати рушд дар муқоиса бо пешбинии қаблӣ суръати баланди рушди ММД дар семоҳаи аввали соли 2024, беҳтар шудани пешбинии рушди иқтисоди Русия, густариши фаъолнокии сармоягузорӣ ва болоравии нархи тиллоро ба назар мегирад”, – зикр мекунанд таҳлилгарони Фонд.

Дар ҳамин ҳол, дар солҳои 2024–2026 онҳо каме сустшавии суръати рушди воқеии ММД (то 7,0–7,3%)-ро интизоранд, ки «бо сабаби пешбинии пастшавии суръати интиқоли пул ва мутаносбан сустшавии талаботи истеъмолӣ» ба амал меояд.

Қобили зикр аст, ки рушди воқеии ММД Тоҷикистон дар соли 2023, мувофиқи маълумоти расмӣ, 8,3%-ро ташкил дод.

Ҳукумати кишвар дар поёни соли 2024 рушди на камтар аз 8,0%-ро интизор дорад.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони ФАСР дар соли равон пешбинии рушди Тоҷикистонро дар сатҳи 5,3% «таҳти таъсири баландшавии нархи манбаъҳои энергияи воридшаванда» ва боқӣ мондани сатҳи рушди ҳудуди 6%-ро дар солҳои 2025-2026 пешбинӣ мекунанд.

Таваррум дар муқоиса бо пешбинии баҳорӣ ба таври каме поинтар (0,3%-и банди фоизӣ) бозбинӣ шуд, «дар робита ба пасттар будани муҳити таварруми берунаи интизоридошта».

Дар давраи миёнамуҳлат таваррум дар доираи фосилаи ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) (6±2%) пешгӯӣ мешавад.

«Ба ин рушди мутавозуни маҷмӯаҳои пулӣ ва устувории нархи маводи асосии ашёи хом ва маводи ғизоии воридотӣ дар солҳои 2025–2026 мусоидат хоҳанд кард», – натиҷагирӣ мекунанд таҳлилгарони Фонд.

Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, сатҳи тавррум давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳамагӣ 1,8%-ро ташкил дод, ки 0,5% поинтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ин бо назардошти 3,8%-ро ташкил додани болоравии нарху тарифҳо аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта,  пасттарин сатҳ давоми солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мебошад.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) механизми минтақавии молиявӣ бо ҳаҷми зиёда аз 9 млрд доллар мебошад, ки соли 2009 аз ҷониби давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Мусоидат ба устувории иқтисодӣ ва молиявӣ дар кишварҳои узви Фонд, инчунин даастгири онҳо дар самти таъмини рушди устувор аз ҳадафҳои ФАСР унвон мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.