Дар Русия ба тоҷикистониён 18 млн рубл маоши пардохтнашуда баргардонида шуд

Дар давоми 6 моҳи соли 2024 бо кумаки мустақими Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон лар Русия бо роҳҳои муколама бо корфармоён ва мусоидати мақомотҳои дахлдори Русия музди меҳнати пардохтнашудаи шаҳрвандон дар ҳаҷми 18 023 987,00 рубл (2 178 048,00 муодил ба сомонӣ) баргардонида шуд. Тавре ки дафтари матбуоти Намояндагӣ хабар медиҳад, сабабҳои […]

Дар давоми 6 моҳи соли 2024 бо кумаки мустақими Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон лар Русия бо роҳҳои муколама бо корфармоён ва мусоидати мақомотҳои дахлдори Русия музди меҳнати пардохтнашудаи шаҳрвандон дар ҳаҷми 18 023 987,00 рубл (2 178 048,00 муодил ба сомонӣ) баргардонида шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Намояндагӣ хабар медиҳад, сабабҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон гуногун буда, аксари онҳо ба набастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва сифати пасти иҷрои корҳо рост меояд, ки ин сабаб метавонад дар пардохт нагардидани маблағ аз тарафи фармоишгар ба пудратчӣ бошад.

“Номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо аст, ки дар охир ҳисоби корҳои анҷомдодашуда байни тарафҳо мувофиқат намекунад ва мушкилии исботи иҷрои корро ба бор меоварад”, – омадааст дар хабар.

Дар хабар хотираасон мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Маскав:

+7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (910) 443-63-35, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40

Шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург:

+7 (982) 739-89-98;

Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа:

+7 (926) 311-52-53;

Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург:

+7 (977) 963-25-69;

Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар:

+7 (996) 120-77-77;

Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск:

+7 (929) 388-54-11.

Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск:

+7 (909) 809-55-48.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.