Аз Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон гуфтанд, дар анҷумани ғайринавбатӣ раиси ҳизб барканор намешавад

Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд, вале дар он масъалаи барканории раиси ҳизб пешбинӣ нашудааст. Дар ин анҷуман фаъолияти як соли охири ҳизбро ба баррасӣ мекашанд. Дар ин бора Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисоди […]

Asia-Plus

Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд, вале дар он масъалаи барканории раиси ҳизб пешбинӣ нашудааст. Дар ин анҷуман фаъолияти як соли охири ҳизбро ба баррасӣ мекашанд. Дар ин бора Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон соати 11:00-и рӯзи 20-уми июл баргузор мегардад.

Макони баргузории анҷуман толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон интихоб шудааст.

“Дар ин анҷуман ҳисоботи яксола ва панҷсолаи охири ҳизб ба баррасӣ кашида мешавад. Масоили дар порлумон пешниҳодкардаро баррасӣ мекунем. Дархостҳои шаҳрвандон, ки ба ҳизби мо ворид шудааст, баррасӣ мегарданд. Таҳлил мекунем, ки то имрӯз чӣ корҳоро ба самар расонидем. Нақшаҳои ояндаро низ пешбинӣ мекунем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қурбонзода эҳтимоли барканории раиси ҳизб Рустам Қудратовро дар анҷумани ғайринавбатӣ рад кард ва афзуд, ки дар анҷумани ғайринавбатӣ раиси ҳизб, муовинон ва намояндагони ҳизб дар музофот ширкат меварзанд.

Бори охир анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон як соли пеш баргузор гардидааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2005 таъсис шуда, қариб 20 сол боз фаъолият дорад. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумлаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда, зикр мегардад, ки ҳудуди 20 ҳазор узв дорад. Ғайр аз ин, яке аз панҷ ҳизбҳои сиёсӣ аст, ки дар Маҷлиси Олӣ ҳам намояндагӣ доранд.

Бояд гуфт, ки баргузории анҷумани ғайринавбатии ҳизбҳои сиёсӣ дар чанд моҳи охир мавзӯи доғи расонаҳои Тоҷикистон гардидааст.

Ахиран Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ роҳбараш Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор кард ва ба ҷои ӯ Шаҳбози Аброрро ба ин маснад интихоб намуд.

Пас аз чанде, рӯзи 14-уми июн Саидҷаъфар Усмонзода, ки вакили порлумон ҳам буд, “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам шуда, аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт гардид ва бар зиддиш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.