Рӯзи 2 апрел дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.
Ҳамасола моҳи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта он даҳаи дуюми моҳи апрел оғоз гардида буд.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз панҷ рукни муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан бо ҳамсар аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.
Дар Тоҷикистон вобаста ба макони ҷуғрофии ҷойгиршавии шаҳру навоҳӣ, вақти саҳархӯрӣ ва ифтор (кушодани рӯза) метавонад фарқ кунад.
Дар моҳи шарифи Рамазон мардум бештар ба корҳои хайру садақа, дастӣ ёрӣ дароз кардан ба дармондагону ниёзмандон ва корҳои дигари нек машғул мешаванд.
Дар тасвири зер номгӯйи садақаҳоеро пешниҳод мекунем, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳатмӣ мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.