Раиси ҷамоати Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон бо гумони ришвахорӣ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ин раиси ҷамоат аз сӯйи кормандони Раёсати Оҷонсии мубориза бо фасод дар Хатлон ҳангоми гирифтани 20 ҳазор сомонӣ ҳамчун ришва дастгир шудааст.
Як манбаъи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят дастгиршавии раиси ҷамоати Қумсангирро таъйид кард.
“Раиси ҷамоати деҳоти Қумсангир, Зоир Таваккалзода бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шуд”,- гуфт манбаъ.
Аммо манбаъ шарҳ надод, ки Таваккалзода дар кадом шароит ва ҳангоми аз кӣ гирифтани пора дастгир шуда аст, танҳо илова кард, ки доду гирифт вобаста ба замин сурат гирифта аст.
Манбаъи дигар аз суди вилояти Хатлон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки рӯзи 1-уми апрел Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми ба ҳабси пешакӣ гирифтани Зоир Тавакалзодаро содир кард.
Дар дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун низ ба "Азия-Плюс" боздошти раиси ҷамоатро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки Зоир Тавакалзода 3 сол боз дар мансаби раиси ҷамоати деҳоти Қумсангир кор мекард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.