Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯянд, то ба ҳол дар робита ба кушода шудани роҳҳои заминӣ миёни ду кишвар мактуби расмӣ дастрас накардаанд ва бекор шудани маҳдудиятҳои роҳҳои замини миёни Қазоқистон ва ҳамсояҳояш ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл надорад.
Хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки аз 11 апрели соли равон ин кишвар маҳдудиятҳои убури сарҳади заминиро бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор мекунад.
Ҳарчанд дар изҳороти ҳукумати Қазоқистон омдааст, ки “барои шаҳрвандони Қазоқистон, шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷиён маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор карда шавад”, вале масъулини сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯянд, ин тасмим ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл надорад ва онҳо наметавонанд, тавассути ҳамсояи Қазоқистон вориди ин кишвар шаванд.
Як масъули сафорати Тоҷикитсон дар Қазоқистон Умар Юнусзода дар суҳбати телефонӣ бо “Азия – Плюс” гуфт, онҳо дар робита ба боз шудани роҳҳои заминӣ миёни ду кишвар мактуб ирсол кардаанд ва интизори посуханд.
– Мо мактуб ирсол кардаем, бояд рӯзҳои наздик воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи роҳҳои заминӣ ба Қазоқистон маълум шавад Агар миёни Тоҷикистону Қазоқистон роҳҳои заминӣ кушода шавад, баъд шаҳрвандони мо метавонанд, ки аз дуюм давлат вориди Қазоқистон вордид шавнад. Агар роҳҳои заминӣ боз шавад, ба мо мактуби расмӣ ирсол мекунанд. Дар ҳоли ҳозир то мактуби расмӣ нашавад, муълумоти дуруст дода наметавонем. Дар сурати кушодашавии роҳҳои заминӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мо ба таври иловагӣ дар сомонаи сафорат ва саҳифаҳои он дар шбакаҳои иҷтимоӣ маълумот медиҳем, – гуфт Умар Юнусзода.
Номбурда афзуд, ҳоло миёни Тоҷикистону Қазоқистон танҳо парвозҳои ҳавоӣ кушода аст ва тоҷикон метавонанд тавассути ҳавопаймо вориди Қазоқистон шаванд.
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон аз 16 март ва Русия аз 30 март маҳдудиятҳои ҷоришуда дар давраи пандемияро барои гузаштани сарҳади заминӣ бо Қазоқистон бекор карда буданд.
Моҳи марти соли равон як масъули сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон дар суҳбат бо мо гуфта буд, ки тасмими Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар робита ба боз шудани сарҳади заминӣ байни ду кишвар танҳо ба шаҳрвандони худи Ӯзбекистон ва Қазоқистон рабт дорад ва тоҷикон наметавонанд, сарҳади заминии Ӯзбекистон ба Қазоқистон ворид шаванд.
Ҳамасола дар фасли баҳор, ки мавсими ба муҳоҷират рафтани аҳолӣ аст, шаҳрвандони Тоҷикистон аз сабаби гарон будани билети ҳавопаймо тавассути ҳавопаймоҳо ё гузаргоҳҳои заминии Ӯзбекистон ва Қазоқистон вориди Русия мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.