Суди шаҳри Ваҳдат сокини маҳаллӣ Манучеҳр Юлдошзодаро барои куштани зане, ки бо ӯ муносибати маҳрамона дошт, ба 10 солу 6 моҳу зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҳукм рӯзи 30 марти соли равон содир шуда, лекин хабари он дар сомонаи ин ниҳод 13 апрел ба нашр расид.
Ба иттилои манбаъ, Юлдошзода моҳи декабри соли 2021 бо зани 50-сола Дилором Шарипова шинос мешавад.
“Бори аввал мард дар хонаи зан бо ӯ алоқаи ҷинсӣ карда, ба Шарипова 160 сомонӣ пул медиҳад. Баъди чанд рӯзи дигар ӯ ба Шарипова барои ҳамхобагӣ боз 150 сомонӣ маблағ пешниҳод карда, вақте ки ба хона меоянд, ҷавон эрод мегирад, ки аз даҳони зан бӯи машруботи спиртӣ меояд”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, зан аз ин эрод ба қаҳру ғазаб омада, бо дастонаш ба рӯи мард як маротиба зарба зада, бо алфози қабеҳ ӯро дашном медиҳад ва шаъну шарафашро паст мезанад.
“Юлдошзода аз ин рафтори зан ба ғазаб омада, бо истифода аз рӯймол даҳону гардан ва дастони Шариповаро аз қисми пеш баста, бо охирин алоқаи ҷинсӣ мекунад ва сипас ӯро бо рӯймол буғӣ кардааст”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.
Зикр мегардад, баъди боварӣ ҳосил кардан ба марги Шарипова, ӯ 150 сомонӣ маблағи пулии занро азхуд намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Юлдошзода дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт ва нисбаташ мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 244 (Дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, Юлдошзода муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.