Дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин бора намояндагони гурӯҳи кории ду кишвар розигии худро доданд ва хулосаи ниҳоӣ ба ҳукумати кишварҳо ирсол мегардад, хабар медиҳад Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Манбаъ мегӯяд, ҷаласаи гурӯҳи корӣ, дирӯз, 13 апрел дар Тоҷикистон баргузор гардид ва ниҳоӣ шуд.
Зикр шуд, ки аз соли 1993 то 1998 чунин як донишкада дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон фаъолият дошт ва дар ин давра онро беш аз 2 ҳазор нафар муҳассилини ӯзбекистонӣ хатм намуданд. Фаъолияти он соли 1998 қатъ гардид. Сабаби қатъи он гуфта нашудааст.
– Соли таҳсили 1993-1994 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори раёсати донишгоҳ (он замон донишкада) тибқи шартномаи тарафайн бо Ҳокимияти ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июли соли 1993 филиали муассиса таъсис дода шуда, он то соли 1998 фаъолият кардааст. Дар ин давра беш аз 2000 нафар муҳассилин аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, онро бомуваффақият хатм намудаанд, – қайд шуд дар ҷаласа.
Ба таъкиди масъулин, таъсиси филиали донишгоҳ дар Ӯзбекистон имкон фароҳам месозад, ки низоми таҳсилоти малакат ва фаъолияти донишгоҳ дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ гардида, шарикони нав барои ҳамкорӣ пайдо карда шаванд.
– Таъсис ва пешбурди фаъолияти донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ба роҳ монда мешавад, – зикр шуд зимни ҷаласа.
Ёдовар мешавем, ки чанде пештар Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов дар баробари масъалаи баробарарзишӣ (нострификатсия) – и дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистонро дар ин кишвар, ҳамчунин масоили дигар, мисли таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳо ва филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва филиалҳо ва факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро баррасӣ карда буд.
Баррасии баробарарзишӣ (нострификатсия) -и дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таъсиси филилали донишгоҳу донишкадаҳои якдигар дар ҳолест, ки моҳи феврали соли равон Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди Девони вазирони Ӯзбекистон рӯйхати 1000 донишгоҳи хориҷиеро нашр кардааст, ки дипломашон дар Ӯзбекистон бидуни баробарарзишӣ ё (нострификатсия) эътироф карда мешавад. Дар ин рӯйхат ҳеҷ донишгоҳи Тоҷикистон роҳ наёфта буд.
Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон тибқи фармони раисҷумҳур аз 1 марти соли 2019 тартиби нави эътироф ва баробарарзишӣ (нострификасия) – и ҳуҷҷатҳои дар хориҷи кишвар додашуда ҷорӣ карда шуд.
Тибқи фармон дипломе, дар ин кишвар эътироф мешавад, ки он донишгоҳ ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил мешаванд. Дар ин сурат онҳое, ки дар Тоҷикистон таҳсил карданд, бояд дар ин кишвар дипломашонро барои баробарарзишӣ пешниҳод кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.