Ёдалӣ Муборакшоеви 62- сола, тоҷике, ки ҳамроҳи ҳамсари уrроиниаш Татяна Муборакшоева, ҳангоми фирор аз вилояти Донетск дар минтақаи Харков ба садама дучор шуда ба ҳалокат расид, зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будааст.
Сафири Тоҷикистон дар Укроин Давлаталӣ Назризода хабари ҳалокати зодаи Тоҷикистонро тасдиқ намуд ва гуфт, ки намояндаи сафорат дирӯз, 13 апрел зимни бахоксупории зану шавҳар ширкат дошт.
Гуфта мешавад, ки ҷасади Ёдалӣ Муборакшоев ва Татяна Муборакшоеваро рӯзи 13-уми апрел дар деҳаи Козелетсии вилояти Черниҳови Укроин дафн карданд. Садама 9-уми апрел ҳангоме рух додааст, ки дар маҳалли ҳаракати онҳо тирпарронӣ шиддат гирифтааст.
Назризода афзуд, ки Ёдалӣ Муборакшоев аз соли 1994 дар Донетск зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии Укроинро дошт.
– Онҳо соҳиби ду фарзанд будаанд. Аз рӯзи ҳодиса бо наздиконаш тамос доштем, – гуфт ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, наздик ба 3 ҳазор тоҷики муқими Укроин то кунун аз ин кишвар берун шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози даргириҳои мусаллаҳона миёни Русия ва Украина, ки 24 феврали соли равон шурӯъ шуд, аллакай, дар бораи кушта шудани чанд зодаи Тоҷикистон ва фарзандони муҳоҷирони тоҷик аз ҳарду тараф хабарҳо мерасад. Мақомоти расмии Русия ва Тоҷикистон дар ин бора чизе намегӯянд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.