spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас кам мешавад

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 млрд 677 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Дар муқоиса бо се моҳи аввали соли 2021 гардиши моли кишвар дар семоҳаи аввали имсол ба андозаи 6,5% (117 млн доллар) кам шуд.

Тавозуни савдо (фарқият байни содирот ва воридот) манфӣ буда, 737 млн долларро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми содирот дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 470 млн долларро ташкил додааст, ки 50,5% ё худ 480 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Беш аз 38% аз ҳаҷми умумии содирот аз Тоҷикистон ба маҳсулоти минералӣ (ашёи хоми гуногун), ҳудуди 22% – ба маҳсулоти ва маснуоти нассоҷӣ рост омада, ҳиссаи сангҳо ва фулузоти қиматбаҳо дар сохтори содирот аз 75% дар ҳамин давраи соли гузашта то ба 16% дар ин давра коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридот дар семоҳаи аввал дар муоқиса бо моҳҳои январ-марти соли 2021 баръакс 43% (363 млн доллар) афзудааст.

Дар сохтори воридот маҳсулоти минералӣ (20% дар ҳаҷми умумии воридот), мошин ва таҷҳизот (12,2%), фулузоти арзон ва маснуот аз он (11,1%) ва маҳсулоти саноати кимиё (10,4%) афзалият доранд.

Дар семоҳаи аввали имсол Тоҷикистон бо 94 кишвари дунё додугирифти дуҷониба анҷом додааст. Дар моҳҳои март-январи соли 2021 низ шумори ин кишварҳо ҳамин миқдор буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон бори нахуст аз 1 млрд доллар зиёд шуд

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ Русия мебошад, ки ҳаҷми савдои дуҷониба бо он дар се моҳ қариб 365 млн доллар (22% дар ҳаҷми умумии гардиши мол)-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давраи соли гузашта шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Швейтсария маҳсуб меёфт, ки бо гардиши моли дуҷонибаи 721 млн доллар 40% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба ин кишвар рост меомад.

Ба сегонаи асосии шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар соли равон инчунин Қазоқистон (354 млн доллар) ва Чин (344 млн доллар) шомиланд.

Ҳаҷми умумии савдо бо Русия, Қазоқистон ва Чин дар семоҳаи авал зиёда аз 63% аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистонро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...