spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Бохтар биноҳои театри лухтак ва Кохи “Ватанро” вайрон мекунанд. Ба ҷойи яке хонаҳои баландошёна ба ҷойи дигаре маҷмаа месозанд

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бинои театри вилоятии лухтак – “Афсона” тахриб ва ба ҷойи он бинои баландошёни маскунӣ сохта мешавад.

Дар ин бора мудири театр Хайрулло Давлатов, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод ва навиштааст, ки атрофи бинояшонро чапарбандӣ карда, барои тахриб карданаш омодагӣ гирифта истодаанд.

Дар шаҳрдории Бохтар ба “Азия-Плюс” бо таъйиди тахриб кардани бинои театр гуфтанд, ки ба ҷойи он хонаи баландошёна сохта мешавад.

Як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуфт, ки мувофиқи нақшаи генералии шаҳр ва нақшаи муфассал дар маркази шаҳр 25 гектар замин барои сохтмон пешбинӣ шудааст. Ин сохтмонҳо асосан дар кӯчаи Садриддин Айни сурат мегиранд. Дар ҷойи театр ширкати сохтмонии “Ориён сохтмон” бинои 16-қабата хоҳад сохт.

Ин дар ҳолест, ки сарнавишти театри лӯхтаки “Афсона” то ба имрӯз норӯшан аст, ки ба куҷо кӯчонда мешавад.

Ин бино, қаблан бинои театри вилоятии  ба номи Ато Муҳамадҷонови шаҳри Бохтар буд. Соли 2015 баъди бунёди бинои нави театр, дар бино театри лӯхтак, МД “Хатлонсинамо”, Шуъбаи сабти ҳолати шаҳрвандии вилоят, маҷалаи “Меҳровар” ҷой карда шуданд. Аз ин ба баъд тақдири ин муассисаҳо низ номаълум боқӣ мондааст.

Танҳо мудири шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода хабар дод, ки онҳо аз қабл омодагӣ гирифта буданд ва бинои собиқи Раёсати фарҳанги вилоятро дар маҳаллаи "Хатлон" таъмир кардааанд ва ба он ҷо мекӯчанд.

Дар ҳоли ҳозир, сохтмончиён алакай ба корҳои тунукабандии атрофи бинои театр шуруъ кардаанд ва рӯзҳои наздик ба тахриб кардани бино оғоз хоҳанд кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Бояд гуфт, ки ҳамчунин хабарҳо бар бораи тахриб кардани кардани Кохи "Ватан" дар маркази вилоят низ мерасанд. Кохи "Ватан" дар гузашта бо номи кинотеатри “Ватан” машҳур буд.

Дар шаҳрдории Бохтар гуфтанд, ки як соҳибкор бо ҳукумати вилоят шартномаи сетарафа ба имзо расонидаанд. Мувофиқи ваъдаи соҳибкор дар инҷо як маҷмаъаи хизматрасонии бузург, аз ҷумла меҳмонхона сохта мешавад. Кохи "Ватан" дар байни ин маҷмаъа ба таври замонавӣ аз нав сохта мешавад.

Дар ин бино низ, дар ҳоли ҳозир чандин дастаҳои Раёсати фарҳанг фаъолият мекарданд, ки акнун ба таҳхонаи қасри фарҳанги шаҳри Бохтар кӯч бастаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Кохи "Ватан", шаҳри Бохтар

Бояд гуфт, ки бинои театри лухтак солҳои 1940 сохта шудааст, ки дар гузашта ба унвони ҳамчун хонаи пионерон, баъдан қасри фарҳанг ва пасонтар ба ихтиёри Театри мусиқавию мазҳакавии вилоят супурда шуда буд.

Дар ҳоле, ки ин хабар барои нашр омода мешуд, Хайрулло Давлатов хабар дод, ки театри лӯхтакро пешниҳод кардаанд, ки ба таҳхонаи бинои нави театри мусиқи мазҳакавии Ато Муҳаммадҷонов бикӯчонанд.

Дар Тоҷикистон бори нахуст нест, ки биноҳои фарҳангию таърихӣ ба хотири сохтмони биноҳои баландошёна тахриб мешаванд. Қаблан ин "анъана" дар шаҳри Душанбе роиҷ шуд, ҳамакунун ба Хатлон низ расид.

Фарҳангиён ва рӯшанфикрон барои ин кор борҳо ҳукуматҳои маҳалро интиқод кардаанд. Аз ҷумла соли гузашта шаҳрдории Душанбе ният дошт Хонаи адабӣ ё хона-музейи Айниро дар Душанбе тахриб кунад, ки зери фишори фарҳангиёни фаъолони ҷамъиятӣ аз тахриби он даст бардошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...