Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон акнун барои ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши ғайриқонунии шираи камол татбиқи ҷазои маъмурӣ ва дар баъзе ҳолатҳо маҳрумият аз озодӣ ҷорӣ мегардад.
Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир ба ин масъала ба Кодекси ҶТ дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ тағйироту иловаи мутобиқ ворид сохта шуданд.
Ба қавли намояндаи парлумон Хадича Ҳакимова, тайи солҳои ахир аз ҷониби шаҳрвандон ва ширкатҳои гуногун дар масоҳати
282,2 га
138 ҳазору 160 ниҳоли камол нобуд карда шудаанд. «Коркард ва васеъ намудани масоҳати парвариши он буҷаро ба таври назаррас ғанӣ мегардонад», – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи мардумӣ Маҳмадалӣ Ватанов изҳор дошт, ки барои ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши шираи камол ҷаримабандӣ ба миқдори то 700 музди меҳнати ҳадди ақалл, манъи фаъолият дар ин соҳа ва дар баъзе ҳолатҳо ҷазои маҳрумият аз озодӣ то 2 сол пешбинӣ шудааст.
Дар ҷаласа намояндагони мардумӣ ҳамчунин тағйироту иловаҳоро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи фонди миллии бойгонӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» қабул карданд.