Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар доираи сафари расмӣ
ба Ҷумҳурии Халқии Хитой Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев нимаи якуми рӯз аз бинои комплекси
мӯҳташами Театри миллии шаҳри Пекин бо ҳайати ҳамроҳонаш боздид карда, дар китоби меҳмонони олиқадр таманноти
хешро сабт намуд.
Сипас, дар тарабхонаи «Пекинская утка» бо муовини Раиси Комиссияи Доимии Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой -академик ҷаноби Лу Юнсян мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқоти самимӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ҷаноби Лу Юнсян
аз пазироӣ ва дидори ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуда, перомуни робитаҳои густурдаи байнипарламентии ҳар ду ҷониб, ки дар партави татбиқи сиёсатҳои созандаи сарони кишварҳо натиҷаҳои хуб самар овардааст, нек таъкид сохтанд.
Бо анҷоми мулоқот ба хотири меҳмони олиқадр тибқи таомул дар тарабхонаи мазкур
зиёфат ороста шуд.
Баъд аз нисфирӯзӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо
g
резиденти ЭКСИМБОНК ҷаноби Ли Жогу ва Раиси Комиссияи Доимии Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби У Банго мулоқот анҷом медиҳад. Дар ин бора аз шаҳри Пекин ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов хабар дод.