Рустам Набиев, писари Раҳмон Набиев раисҷумҳури собиқи Тоҷикистон, қабл аз зуҳри имрӯз, дар синни 53-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. То кунун дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе гуфта нашудааст.
Маросими ҷанозаи Рустам Набиев, фардо, 26-уми апрел, соати 11:00 дар манзили зисташон ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мешавад.
Рустам Набиев писари дувуми Раҳмон Набиев буд. Писари нахустини раисҷумҳури собиқи Тоҷикистон Рашид Набиев буд, ки соли 1997 дар синни 33-солагӣ дар шароити мармузе даргузашт.
Акрамҷон Орипов, писари аммаи Рустам Набиев ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аммабачааш дар ҳавлии истиқоматияш ҷон ба ҷонофарин супурд. Вай гуфт, барои видоъ бо Рустам Набиев ҳамаи пайвандон аз Душанбе ва шаҳрҳои дигар ба Хуҷанд омадаанд.
“Ҷаноза пагоҳ, 26-уми апрел соати 11:00 дар маҳаллаи Ҷӯйи Мазор, кӯчаи Аминҷон Шукӯҳӣ 57-и ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мешавад. Ин касро дар оромгоҳи Гунбази Қошуқи шаҳри Хуҷанд, ки падарашон низ он ҷо дафн шудаанд қабр мекунем. Ҳоло ёру дӯстон ҳама ҷамъ омадаем”, – гуфт, Орипов.
Вай афзуд, “Рустам Набиев лаҳзаҳои охири умр дар ҳавлии истиқоматияш зиндагӣ мекард ва қаблан коронавирус шуда буданд”. Аммо ин хешовандаш аз вазъи саломатии охирин лаҳзаҳои ҳаёти Рустам Набиев ва ҷойи кораш чизе нагуфт.
Рустам Набиев соҳиби ду фарзанд аст. Пайвандонаш мегӯянд, писараш дар Душанбе ва духтараш дар Маскав зиндагӣ мекунанд.
Духтари Раҳмон Набиев – Мунаварра Набиева номзади илмҳои иқтисодӣ аст ва солҳои зиёде дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор кардааст ва ҳоло дар Душанбе умр ба сар мебарад. Ӯ солҳои ахир бо бародараш Рустам Набиев бар сари як хонаи аз падар ба меросмонда дар шаҳри Душанбе баҳсҳои додгоҳӣ дошт.
Ҳамсари раисҷумҳури собиқи Тоҷикистон Марям Набиева номзади илмҳои иқтисодӣ буд ва то соли 2006 роҳбари Колеҷи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон (Чкалов) буд. Бо талошҳои ӯ ин коллеҷ ба Донишкада табдил ёфт. Аммо ба гуфтаи нафарони огаҳ аз фаъолияти Марям Набиева, ба ӯ иҷозаи ректори донишкадаро надоданд ва ҳамин тавр ӯ аз ин донишгоҳ рафт.
Марям Набиева чанд сол пештар дар Хуҷанд даргузашт. Худи Раҳмон Набиев соли 1995 дар шаҳри Хуҷанд вафот карда буд.